Паймони НАТО гузориши СММ дар бораи шумораи шаҳрвандони ғайричашмдошт кушташуда дар амалиёти нируҳои НАТО дар Афғонистонро рад кард. Филип Алстон-гузоришгари Шурои Ҳуқуқи Башари СММ ҳафтаи гузашта гуфт, дар ҷараёни амалиёти худ нируҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ва нируҳои Афғонистон тақрибан 200 нафар ва Толибон тақрибан 300 нафарро аз оғози сол то ҳол куштаанд. Марк Лейтӣ-сухангуи НАТО дар Кобул гуфт, ин маълумот дуруст нест ва воқеъият надорад. Вай гуфт, шаҳрвандони Афғонистон дар ҷараёни амалиёт ногаҳон кушта шудаанд. Вале шумораи онҳо аз шумораи номбурдаи Филип Алстон хеле кам аст.