Дируз Гурҷистон Руссияро муттаҳам кард, ки аслиҳаи сақилаи худро дар Абхозистон мустақар мекунад. Дар ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон нируҳои посдори сулҳи Руссия мустақаранд. Вазорати дохилаи Гурҷистон наворҳои видюиро мунташир сохтааст, ки ҳавопаймои ҷосусии бесарнишини Гурҷистон саҳнаҳоеро аз аслиҳаи сақилаи Руссия руи навор овардааст. Чунин ҳолат аз муқаррароти ҳузури нируҳои посдори сулҳ берун аст. Ин нируҳо аслан бояд нируҳои давлатии Гурҷистон ва нируҳои ҷудоихоҳи Абхозистонро аз ҳам ҷудо нигаҳ доранд. Тифлис аз муддатҳо ба ин су Маскавро муттаҳам мекунад, ки аз нируҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ҳимоят мекунад.