Мақомоти давлатии Чин гуфтаанд, шумораи кушташудагон дар заминларзаи харобиовари вилояти Сичуан аз 19 500 нафар гузаштааст. Телевизиони давлатии Чин хабар дод, ҳукумат ҳарос дорад, ки мумкин аст, шумораи қурбониёни зилзила то ба 50 ҳазор нафар расад. Сарвазири Чин, Вен Ҷибаяо дастур дод, чархбол ва сарбозони бештаре барои кӯмак ба офатзадагон ба маҳалли ҳодиса фиристода шаванд. Заминҷунбие, ки рӯзи душанбе дар Чин ба вуқӯъ пайваст, 7,9 дараҷаи ҷадвали Рихтер нерӯ дошт ва тақрибан ба 10 миллион нафар осеб расонд.