Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин аз паёми худ ба порламони кишвараш даст кашид. Ҳангоме, ки вай барои суханронӣ ба минбари порламон наздик мешуд, намояндагони ҷонибдори Юлия Тимошенко-нахуствазири Укроин садди роҳи вай шуданд. Бо чунин кор мухолифати миёни раиси ҷумҳур ва нахуствазир, ки муттаҳиди якдигар буданд, афзоиш ёфтааст. Ҷонибдорони Тимошенко гуфтаанд, раиси ҷумҳур натавонистааст, аз таварруми пул ҷилавгирӣ кунад.