Эрон пешниҳодҳояшро ба Иттиҳоди Аврупо супурд

Алиасғар Хоҷӣ-намояндаи Эрон дар Бруссел бо Ҳовиер Солоно-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дидор ва гуфтугу кардааст. Дар эъломияи сафоратхонаи Эрон гуфта мешавад, ки намояндаи Эрон ба Ҳовиер Солоно роҷеъ ба масоили сартосарӣ, аз ҷумла, роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи Эрон як силсила пешниҳодҳо ироа кардааст. Дар бораи ҷузъиёти ин пешниҳодҳо чизе гуфта намешавад.