Санг Ким, як дипломати амрикоӣ дар пайи боздид аз Куриёи Шимолӣ гуфт, он кишвар ҷиҳати қатъи барномаҳои таслиҳоти низомиаш “ нахустин иқдоми муҳим” кардааст.
Санг Ким аз сафари Пхенян бо асноде баргашт, ки дар он ҷузъиёти барномаҳои тавлиди таслиҳоти ҳастаии он кишвар бозгӯ мешавад. Дипломати амрикоӣ гуфт, музокироти шашгона, ки ба ҷуз аз 2 куриёи Шимолу ҷанубӣ, Амрикову Русияву ва Ҷопону Чинро дар бар мегирад, на дертар аз ҳафтаи оянда ба баҳси дигарбораи роҳҳои қатъи фаъолиятҳои ҳастаии Пхенян оғоз хоҳад кард.