Остона. Самти нав барои Тоҷикистон?

Қисмати умдаи ҳуҷҷату созишномаҳое, ки дар Остона миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расиданд, ба соҳаи иқтисодӣ рабт мегиранд.

Давлат Назриев, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, тайи музокироти ҳайъатҳои баландпояи Тоҷикистону Қазоқистон асосан самтҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи иқтисодӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Оқои Назриев афзуд, инчунин ҷонибҳо рӯйи интиқоли муназзами ғалладона ва дигар маводи содиротӣ аз Қазоқистон ба тавофуқ хоҳанд расид. Сухангӯйи Вазорати хориҷа афзуд, ҷонибҳо созишномаеро дар мавриди ҷамъияти саҳҳомии Бунёди сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон ба тасвиб хоҳанд расонд, ки сармояҳояшро ба иқтисоди Тоҷикистон равона хоҳад кард. Қазоқистон тасмим гирифтааст, дар мавриди аввал 100 миллион долларро ба ин бунёд тахсис диҳад.

Тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гардиши мол миёни Қазоқистону Тоҷикистон дар соли гузашта 200 миллион долларро ташкил додааст.

Қазоқистон яке аз кишварҳои сармоягузори Тоҷикистон ба шумор меояд. Тайи солҳои ахир ҳаҷми сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон ба беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Коршиносон бар онанд, ки Қазоқистон дар ҳоли ҳозир ба яке аз кишварҳои ба Тоҷикистон наздик дар фазои собиқ Шӯравӣ табдил ёфтааст. Онҳо мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳангоми пеш омадани мушкилот дар зимистони бесобиқаи соли равон қабл аз ҳама ба Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон муроҷиат карда, пас ба Эрон рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад Остона рӯйи масоили истифодаи захираҳои оби минтақа бо Тошканд мувофиқ аст, аммо дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат мекунад. Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ҳангоми сафари Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон бо ишора ба Тоҷикистону Қирғизистон гуфт:

«Мо бояд бо кишварҳое, ки аз об нерӯи барқ мехоҳанд гиранд ва онро ҳамчун мол фурӯшанд, ба тавофуқ расем, зеро мо мехоҳем, ин об ба киштзорҳои мо равад. Аз ин хотир бояд дар ин самт кор кунем»

Ин изҳороти раисҷумҳури Қазоқистон як навъ баёни ҳамсарнавиштии Қазоқистон бо Узбакистон ва як навъ давъат ба ягонагии мавзеъи Остона ва Тошканд буд. Аммо Ӯзбакистон, ки мехоҳад пружаҳои энержии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо ӯ мувофиқа шавад, Қазоқистон аз ширкат дар онҳо, аз ҷумла консорсиуми нерӯгоҳи Роғун истиҳола намекунад.

Саиди Шариф, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, қудрати иқтисодии Қазоқистон имкон медиҳад, ки манфиатҳояшро новобаста аз мухолифатҳои Ӯзбакистон дар минтақа таҳким бахшад. Оқои Шариф гуфт, Ӯзбакистон ба ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ таъсирашро ба вазъи Тоҷикистон собит сохта буд, аммо бо гузашти вақт ин таъсир аз миён рафта, ба фишорҳои Тошканд табдил ёфтааст. Вай афзуд, Қазоқистон мехоҳад мавқеи Тошкандро дар Тоҷикистон комилан танг кунад.

Дар ҳамин ҳол, қаробати Остонаву Душанбе суоли аз Иттиҳоди Осиёи Марказӣ пуштибонӣ кардани Тоҷикистонро ба миён меорад. Аз ин пешниҳоди Остона Бишкек ҷонибдорӣ ва Тошканд мухолифат кард. Душанбе бо ин пешниҳоди сармоягузори иқтисодаш чӣ кор хоҳад кард? Коршиносон мегӯянд, Назарбоев баъди вокуниши Каримов ба хулосае расидааст, ки баробари мухолифати Ӯзбакистон пешниҳодаш моҳияташро гум кардааст. Аммо ҷонибдории Душанбе бо он вуҷуд ки зарур аст, дар равобити ду кишвар муассир нахоҳад буд.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, бо он вуҷуд ки Қазоқистон барои Тоҷикистон кишвари хеле наздик аз ҳама ҷониб аст, иттиҳоде, ки пешниҳод мекунад, туркӣ хоҳад буд. Вай афзуд, дар Тоҷикистон мардум фикр мекунанд, ки ворид шудан ба ин иттиҳод ҳуввияти тоҷиконро хоҳад кост. Вай афзуд, Назарбоев инро хуб мефаҳмад ва бештар сари ҳамкориҳои иқтисодӣ тамаркуз хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, моҳияти сиёсатҳои Остонаро дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба далели сардии равобити миёни Русияву Ӯзбакистон аз як тараф ва Тоҷикистон аз тарафи дигар дар як нукта хулоса метавон хулоса кард: пур кардани холигаҳи аз ҳисоби онҳо ба миён омада. Аммо то куҷо Остона ба ин муваффақ хоҳад шуд, ба он бастагӣ дорад, ки то кадом андоза иштибоҳоти дуи дигарро такрор намекунад.