Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меваву сабзавоти Тоҷикистон - ба Қазоқистон


Боғдорону сабзавоткорони Тоҷикистон мақсад доранд, ки ба Қазоқистон меваву сабзавоти тару тоза фиристанд.

Ин нуктаро бозаргонҳои тоҷик дар мулоқот бо Владимир Школник, вазири санъат ва тиҷорати Қазоқистон, баён кардаанд. Алъон содиркунандагони тоҷикистонии меваву сабзавот бо даъвати ин вазорат дар Қазоқистон қарор доранд.
Дар суҳбати телефонӣ бо родиюи «Озодӣ» Хуршед Сангаков, муовини раиси иттиҳодияи «Тоҷикматлубот», дар бораи натоиҷи сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Остона чунин гуфт: «Мо таййи чанд рӯз дар Қазоқистон бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва корхонаҳои алоҳида вохӯриҳои судманд доштем ва якчанд қарордодҳо оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қазоқистон ва ҳамчунин воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз қабили орд ва дигар маҳсулоти ғалладона ва ҷаву ангиштсанг ба Тоҷикистон имзо шуд. Ҳамзамон оиди омодагӣ ба мавсими пухтани мева ва расидани сабзавот дар Тоҷикистон гуфтушунуд анҷом додем ва мо омодаи содироти меваю сабзиҷот ҳастем ва ҷониби Қазоқистон ҳам омода аст барои қабул ва, худо хоҳад, аз ҳамин моҳ содироти маҳсулоти кишоварзиро ба ҷумҳурии Қазоқистон оғоз менамоем».
Оқои Сангаков афзуд, ки баъди чанд рӯз ҷониби Қазоқистон дархости дақиқи хешро дар бораи давра ба давра аз Тоҷикистон ба ин кишвар фиристодани меваву сабзавотро пешниҳод хоҳад кард. Тибқи пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзии кишвар ба шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, тавассути қатор, роҳҳои ҳавоӣ ва мошингард расонида хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, вазири санъат ва тиҷорати Қазоқистон гуфтааст, онҳо барои бо қиматҳои поин ба бозорҳои кишварашон расидани меваву сабзавоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талош мекунанд ва дар ин роҳ нахустин гом ҳам гузоштаанд. Аз ҷумла, ба таъйиди ӯ, ҳукумати Қазоқистон нархи интиқоли ин маҳсулот аз тариқи қаторро 50 дарсад коҳиш додааст, ки дар натиҷа қимати ин анвоъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар мусоъидат мекунад.
Ҷаноби вазир ҳамчунин гуфт, ки ҷиҳати бо меваву сабзавоти тару тоза пур кардани бозори дохилии кишвар дар назар аст Вазорати санъат ва тиҷорати Қазоқистон ҳамроҳ бо ширкати «Казагромаркетинг» охири моҳи май дар шаҳри Алматӣ ҷаласаеро бо ширкати содиркунандагони меваву сабзавот аз кишварҳои дигари Осиёи марказӣ доир созанд ва дар он роҳҳои боз ҳам муассири ба Қазоқистон ворид кардани меваву сабзавотро баррасӣ намоянд.
Ҳамчунин ҷониби Қазоқистон умед дорад, ки сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон низ барои ба ин кишвар бештар ворид гардидани меваву сабзиҷоти Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG