Бино ба иттилоъи хабаргузории "Авесто", масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар бахши иқтисоду савдо дар мулоқоти навбатии кумисиюни байниҳукуматии ин кишварҳои ҳамсояву ҳамҷавор дар Кобул баррасй хоҳад шуд. Ба гуфтаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар нишасти мазбур ҳамкориҳо дар бахшҳои ҳамлу нақли коло, мухобирот, обу енержй, саноъат ва илму фановарй баррасӣ мешавад. Ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Афғонистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ беш аз 20 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ҳамин давраи соли 2007 3 баробар бештар будааст.