Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико телефонӣ бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури нави Руссия роҷеъ ба ташаннуҷи вазъи миёни Гурҷистону Руссия бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон гуфтугу кардааст. Кохи Сафед мегуяд, Буш аз вазъи кунунӣ дар Гурҷистон изҳори нигаронӣ кардааст ва аз ҷонибҳо хостааст, барои коҳиши ташаннуҷ талош ба харҷ диҳанд. Қаблан Иттиҳодияи Аврупо низ хостори тамомияти арзии Гурҷистон шуда буд.