Сарвазир Путин ҳукумати Русияро муаррифӣ намуд

Сарвазири тозаинтихобшудаи Русия Владимир Путин ҳайъати ҳукумати нави ин кишварро матраҳ намуд, ки дар он аксари вазирони калидӣ курсиҳояшонро ҳифз намуда, мансабдорони собиқи Кремл ба вазифаҳои баланди ҳукуматӣ пешбарӣ шудаанд.
Путин, ки ҳафтаи гузашта аз мансаби президенти Русия барканор шудааст, дар аввалин мулоқоташ бо президенти нави Русия Дмитрий Медведев ҳайъати ҳукумати зери раҳбариашро муаррифӣ намуд.
Вазири молия Алексей Кудрин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва вазири мудофиа Анатолий Сердюков дар курсиҳояшон боқӣ мондаанд.
Собиқ сарвазир Виктор Зубков ба мансаби муовини сарвазир пешбарӣ шудааст.
Ҳамчунон раис ва муовини раиси идораи Кремл дар даврони ҳукмронии Путин Сергей Соябнин ва Игор Сечин ба узвият ҳукумати нав пешбарӣ шудаанд.
Дмитрий Медведев ҳукумати навро дастгирӣ кардааст.