Заминларзаи нерӯманд дар ҷанубу ғарби Чин

Имрӯз зилзилаи баробар ба 7,8 дараҷа ҷанубу ғарби Чинро такон дод. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии ИМА мегӯяд, маркази зилзила дар 100 километрии шимолу ғарби шаҳри Ченгду: маркази вилояти Сичуан қарор дошт. Такони замин дар бахши бузурги Чин ва шаҳри Бангкоки Таиланд эҳсос шуд. Дар бораи талафот хабаре то ҳанӯз дастрас нагардидааст. Аммо президенти Чин Ҳу Ҷинтао талаб кард, ки амалиёти наҷот фавран оғоз ёбад. Сарвазири Чин Вен Ҷиабао озими Ченгду шудааст.