Раиси ҷумҳури нави Русия Дмитрий Медведев имрӯз Владимир Путинро ба ҳайси номзад ба мақоми нахуствазир пешниҳод кард. Ва ин амри ӯ ду соат баъд аз маросими адои савгандаш содир шуд. Дмитрий Медведеви 42-сола баъд аз он ки Владимир Путин ӯро вориси худ номид, дар интихоботи президентии моҳи марти Русия 70 дар сади райъи мардумро ба даст овард ва пирӯз шуд. Ҳангоми адои савганд оқои Медведев гуфт, ки сиёсатҳои Владимир Путинро идома хоҳад дод:
"Тайи як даҳсолаи гузашта заминаи мустаҳкаме барои рушди давомдор ниҳода шуд. Ва мо бояд ин имкони беназирро ба ҳадди мумкин истифода барем, то Русияро яке аз кишварҳои беҳтарини ҷаҳон созем, ки зиндагӣ дар он роҳат, боитминон ва амн бошад. Ин аст, стратегияи мо ва ҳадафи мо барои солҳои оянда".
Владимир Путин пас аз ду давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Русия аз рӯзи панҷшанбе ба мақоми нахуствазир пазируфта мешавад.