Президенти Чин Ҳу Ҷинтао сафари панҷрӯзаи давлатӣ ба Япония ва ё Ҷопонро оғоз намуд. Ин аввалин зиёрати раҳбари Чин аз Токио дар давоми даҳ соли ахир аст. Пешбинӣ мешавад, ки Ҳу бо сарвазири японӣ Ясуо Фукуда ҳамкорӣ дар тиҷорат, таъмини амният ва маводи сӯхтро баҳс мекунад. Президенти Чин изҳори умед кардааст, ки сафараш баҳори нав ва бидуни хотимаро дар равобити ду кишвари ҳамсоя ифтитоҳ менамояд. Чин яке аз коршарикони асосии Япония аст, вале рӯйдодҳои солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва эҳтироми япониҳо ба гузаштаи ҷангҷӯёнаашон борҳо боиси сардии равобити миёни ду кишвар шудааст.