Посухи Эрон ба қудратҳои ҷаҳонӣ

Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, агар қудратҳои ҷаҳонӣ дар ивази имтиёзҳои пешниҳодии нави худ хостори тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум бошанд, Эрон он пешниҳодҳоро намепазирад. Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон, ҳафтаи гузашта бастаи имтиёзҳои навро ба Эрон пешниҳод карда ва дар иваз хостанд, то аз барномаҳои ғанисозии ураниумаш даст кашад. Ҳукумати Эрон мегӯяд, ғанисозии ураниуми ҳаққи қонунии ин кишвар аст ва ин фаъолиятҳо ба хотири ҳадафҳои сулҳомез аст, на тавлиди бомби атомӣ. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомез, бомби атомӣ бисозад. Муҳаммадалии Ҳусайнӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷа гуфт, пешниҳодоти нав ҳанӯз ба дасти ҳукумати Эрон нарасидааст.