Дар шаҳри Мосули Ироқ-воқеъ дар шимоли ин кишвар афроди мусаллаҳ рузноманигореро аз мошин берун кашидаанд ва ба сараш тир холӣ кардаанд. Пулис мегуяд, рузноманигор Серво Абдулваҳҳоб ном доштааст ва бо таксӣ ба корхонааш мерафтааст. То ҳол пулис нагуфтааст, ки ин рузноманигор чаро ҳадафи оташи афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст. Кумитаи дифоъ аз рузноманигорон марказаш дар Нию Йорк мегуяд, Ироқ хатарноктарин минтақа барои рузноманигорон ба шумор меравад. Аз соли 2003 ба ин су дар ин кишвар 127 рузноманигори хориҷӣ ва дохилӣ кушта шудаанд.