Низомиёни ИМА тасдиқ карданд, ки дар кишвари африқоии Сомалӣ бар зидди раҳбари исломии муттафиқ бо ал-Қоида ҳамла раҳандозӣ намудаанд. Низомиён дар бораи ҳуввияти ин раҳбар чизе нагуфтаанд, вале мансабдорони Сомалӣ ва ошӯбгарон мегӯянд, имрӯз дар шаҳри Дусамареб дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии ИМА Адан Ҳашӣ Айро ва 8 нафари дигар кушта шуданд. Айро раҳбари гурӯҳи исломии аш-Шаъаб буд, ки бар зидди ҳукумати Сомалӣ ва муттафиқони эфиопии ин кишвар қиём намуда, куштори чандин коргари хайрияи хориҷиро бар дӯш дорад. Дар соли 2007-ум ҳам низомиёни ИМА ӯро мавридиҳ амла қарор дода буданд.