Ҷоми қаҳрамонии футбол насиби кӣ хоҳад шуд?

Дастаи Футболи Челсии Лондон ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфт. Ин даста бар дастаи дигари Бритонё, яъне бар Ливерпул бо ҳисоби 3 бар 2 пируз шуд ва дар бозии ниҳоӣ бо Манчестер Юнайтед зурозмоӣ хоҳад кард. Ин бозӣ 21-уми май дар Маскав баргузор мешавад. Манчестер Юнайтед низ дастаи футболи Бритонёст.