Дурнамои тавлиди уран дар Тоҷикистон

Бахши аввал.

Тавлиди урани хом аз партовгоҳҳои радиоактив ?

Корхонаи давлатии «Востокредмет», ягона корхонаи истеҳсоли уран дар Тоҷикистон, ба гуфтаи масъулини он, барномаи мушаххаси истеҳсоли уран рӯи даст надорад. Корхонаи давлатии «Востокредмет», яъне «Фулузоти нодири Шарқ», воқеъ дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд аз соли 1945, замони таъсис то 2000 – уми милодӣ урани хом тавлид мекард.

Шавкат Бобоҷонов – сарвари ин корхона гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ба тариқи таҷрибавӣ дар ҳамдастӣ бо ду ширкати Русия : «Росток» ва «Объединная золотая компания» роҳҳои истихроҷи уран аз партовгоҳҳои радиоактивии Суғдро ҷустуҷӯ доранд . Вай афзуд, ки дар ҳоли кунунӣ таҳти раҳбарии Ожонси амнияти ҳастаӣ ва радиоактивии Тоҷикистон дар ин самт корҳои омӯзишиву ташхисӣ ва таҷрибавию истеҳсолӣ ҷараён дорад. Дар ҳоли ҳосил шудани натиҷаи мусбат барномаи вижа ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда хоҳад шуд.

Ш. Бобоҷонов афзуд, ки дар Суғд даҳ партовгоҳ бо зиёда аз 50 миллион тон пасмондаи моддаҳои радиоактив дар масоҳати беш аз 170 гектар мавҷуд аст. Эҳтимол дорад, дар навбати аввал павтовгоҳҳоии кушоди дар мавзеъи Деҳмой, канори Хуҷанд ва Табошар, 30 килoметрии Хуҷанд мавриди коркард қарор гирад.

Захираҳои урани Тоҷикистон ва коркарди он

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ гуфт, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди уран нуҳуфтааст ва вақти он расида, ки барои раҳидан аз чанги қашшоқӣ ва буҳрони энергетикӣ мавриди истифода қарор гирад: «Дақиқан мушаххас намудани захираҳои уран ва дақиқан омода сохтани пешниҳодоти мушаххас ҷиҳати истифодаи онҳо аҳамияти бузург дорад ва ман супориш медиҳам ба роҳбарони вазорату идораҳои марбута, ки аз пагоҳ Консепсияи афзудани ин маъдани дорои аҳамияти стратегиро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд, то бо ҷалби сармояи хориҷӣ ин бахшро низ рушд диҳем. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, аз 13 то 14 дар сади урани ҷаҳон гӯё дар ҳудуди Тоҷикистон аст, инро мо таҳқиқ, муайян ва пешниҳод карданамон даркор аст.»

Саридораи заминшиносии Тоҷикистон низ ин нуктаро таъйид кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги урани ҷаҳонӣ мебошад.

Ожонси амнияти ҳастаӣ ва радиоактивии Тоҷикистон эълон дошт, ки ба таҳияи барномаи баҳрабардорӣ аз захираҳои уран шурӯъ кардааст.

Мушкили кашфи захоир ва дастрасӣ ба маъдани уран

Аммо масъулини корхонаи давлатии «Востокредмет» мегӯянд, ки дар бораи захираҳои урани Тоҷикистон маълумоти пурра дастраси онҳо нест. Аз сӯи дигар, ба назари онҳо, кашф ва омӯзиши конҳои маъдани урани Тоҷикистон бо ҷалби сармояи бузург ба даст меояд. Чизе, ки Тоҷикистон дар даст надорад. Шавкат Бобоҷонов – сарвари корхонаи «Востокредмет» : «Ҳозир дар ин бора ягон чиз гуфтан душвор. Аммо ҳаст конҳое, ки дар замони шӯравӣ кам омӯхта шуда ва онҳо маълум аст. Барои ин маблағгузорӣ кардан зарур аст.»

Зимнан, ба гуфтаи мутахассисини корхонаи «Востокредмет», ҳанӯз дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта истихроҷи маъдани урани Тоҷикистон ба сабаби арзиши баланди истихроҷ аз синаи кӯҳистон пурра қатъ гардида, ашёи хом барои коркард аз кишварҳои Узбакистону Қазоқистон ва Чехиёву Олмон оварда мешуд. Аммо ҳамакнун даҳ маротиба боло рафтани нархи уран дар бозори ҷаҳонӣ имконияти коркарди партовгоҳҳоро фароҳам сохтааст. Истихроҷи то 60 дар сад урани хом аз партовгоҳҳоро мутахассисини тоҷик қобили имкон ва судовар мехонанд.

Аммо дар мавриди коркарди маъдани урани содиротӣ Музаффар Юнусов – муовини сарвари корхонаи «Востокредмет» дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гусастани равобити байни кишварҳои собиқи шӯравӣ ва мушкили дастрасӣ ба маъдани урани беруна фаъолияти ин корхонаро фалаҷ кардааст : «Монеъа асосан аз ҷониби Узбакистон эҷод шуда истодааст. Барои гузаронидани маьдани уран ва маҳсулоти дигари зарурӣ иҷозаи парламенти ин кишварро гирифтан лозим меояд ва ин ҳолат моро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ сохтааст.»

Аммо ба гуфтаи бархе дигар аз мутахассини ин коргоҳ, дар ҳоли кунунӣ истихроҷи маъдани уран дар Қазоқистон ва Узбакистон низ коҳиш ёфта, аз ин рӯ содироти он поин рафтааст.

Ба гуфтаи М. Юнусов – муовини сарвари корхонаи давлатии «Востокредмет», бо дарёфти ашёи хом ва сармоя барои кашфу таҳқиқ ва коркарди конҳои уран корхонаи «Востокредмет» қудрат дорад фаъолияти худро дар заминаиистеҳсоли урани хом аз сар гирад. Бо вуҷуди он «Востокредмет» тайи қариб як даҳсола ба тавлиди уран сарукор надошт, вале иқтидор ва мутахассисини худро ҳифз кардааст.