Мақомоти беҳдоштии Ироқ мегӯянд, дар ҷараёни даргириҳои шаби гузашта миёни шибҳанизомиёни шиъамазҳаб ва нерӯҳои Амрикову ҳукумати Ироқ дар шаҳраки Садри Бағдод дасти кам 11 нафар кушта ва бештар аз 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин минтақаи Бағдод аз охирҳои моҳи март, аз замони амри нахуствазир Нурӣ Ал- Моликӣ барои саркӯбии шибҳанизомиёни мусаллаҳ Бархӯрдҳо то кунун идома дорад. Ва бино ба хабари дигар, низомиёни Амрико аз махфигоҳе дар Ироқ силоҳҳои тавлиди Эронро пайдо кардаанд. Рӯзномаи “Wall Street Journal” аз қавли мақомоти Амрико навиштааст, ки ин силоҳҳо дар ду моҳи гузашта дар Эрон истеҳсол шудаанд. Ҳукумати Эрон иддаъоҳо доир ба таъмини шӯришиёни ироқӣ бо аслиҳаро рад мекунад.