Наздик ба 400 нафар имрӯз дар Афғонистон алайҳи болоравии босуръати нархи маводи ғизоӣ тазоҳурот карданд. Ин аввалин намоиши эътирозӣ дар кишвар аз оғози афзоиши қиматҳо дар саросари ҷаҳон аст. Тазоҳуркунандагон шоҳроҳи миёни Кобул ва Ҷалолободро баста, аз ҳукумат талаб карданд, нархро дар бозорҳои хӯрокворӣ зери назорат гирад. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, барои хариди гандум ба маблағи 50 миллион доллар бо кишварҳои Қазоқистон ва Покистон дар тамос шудааст.