Интихоботи сарнавиштсоз дар Пенсилвания

Дар аёлати Пенсилвания раӣъдиҳӣ дар интихоботи муқаддамотии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз Ҳизби демократ идома дорад. Гуфта мешавад, ки интихоботи Пенсилвания барои ҳарду номзад – Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон метавонад сарнавиштсоз бигардад. Алҳол дар сабқати миёни ин ду номзад Обама пешсаф аст. Ҳилларӣ Клинтон барои ҳифзи шонсҳояш бояд дар Пенсилвания пирӯзии комилро соҳиб шавад. Миёни ҷумҳурихоҳон сенатор Ҷон МакКейн аллакай номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико маҳсуб мешавад.