Дар Кувайт конфаронси суботи Ироқ шурӯъ шуд

Дар Кувайт конфаронс оид ба ҳамдастӣ дар таъмини суботи Ироқ ифтитоҳ шуд. Дар ин нишаст вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Ироқ, ҳамчунин ҳайатҳои Миср ва Баҳрайн, панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва гурӯҳи Ҷи-Ейт ё ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон ширкат мекунанд. Интизор меравад, ки Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ аз кишварҳои арабӣ хостори лағви 67 миллиард доллар қарзи аз замони қудрати Саддом Ҳусейн боқимонда ва боло бурдани мақоми намояндагиҳои дипломатияшон дар Бағдод шавад.