Мамониати Озарбойҷон аз интиқоли таҷҳизоти ҳастаии Русия ба Эрон

Русия мегӯяд, гумрукиёни Озарбойҷон ба интиқоли таҷҳизоти русӣ барои нерӯгоҳи ҳастаии Бушери Эрон монеъ шудаанд. Ширкати давлатии "Атомстройэкспорт"-и Русия мегӯяд, ин таҷҳизот ду ҳафта пеш дар марзи миёни Озарбойҷону Эрон боздошт шудааст. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон, Хазар Иброҳим, гуфт, кишвараш талош дорад, дар бораи ин таҷҳизот иттилоъи бештар пайдо кунад, то бидонад, ки интиқоли он ба Эрон хилофи таҳримҳои Созмони Милал зидди Эрон набошад.