Моҷарои суқути ҳавопаймои бехалабон дар фазои Абхазия ташаннуҷи миёни Гурҷистон ва Русияро афзоиш додааст. Президенти гурҷӣ, Михеил Саакашвилӣ гуфт, дар гуфтугӯи телефонӣ аз президенти Русия, Владимир Путин талаб кард, кишвараш чунин, ба гуфтаи ӯ "ҳамлаҳои таҷовузгарона"-ро қатъ кунад. Маскав мегӯяд, Путин ба Саакашвилӣ гуфтааст, ҳавопаймоҳои ҷосусии Гурҷистон дар минтақаи низоъ вазъи муташанниҷ мекунанд. Ба иттилоъи гуногун, ҳавопаймои ҷосусии Гурҷистон аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Русия суқут дода шудааст. Аммо ҳарбиёни Русия ин иттиҳомро рад кардаанд.