Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз Арабистони Саъудӣ хост, бо муроъоти масъулиятҳои байнулмилалии худ сиёсатҳои зидди занонро лағв кунад. Дар гузорише, ки имрӯз нашр шуд, Дидбони ҳуқуқи башар сарпарастии мардон ба занонро маҳкум кард, ки тибқи он зан наметавонад, бе иҷозаи падар, шавҳар ва ҳатто писараш ба кор, саёҳат, таҳсил равад, издивоҷ кунад ва ё аз хадамоти тиббӣ бархӯрдор бошад. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мақомоти Арабистони Саъудиро айбдор кард, ки бо занон ҳамчун бо ақаллияти махсус муносибат карда, ҳуқуқи бунёдии онҳоро ба хотири назорати мард бар зан, поймол мекунанд.