Шумораи қурбониёни Бақуба ба 50 нафар расид

Полиси Ироқ мегӯяд, шумораи кушташудагони таркиш дар намози ҷаноза дар Бақуба ба 50 нафар расид. Бақуба дар шимоли Бағдод ҷойгир буда, аҳолияш асосан аз суннимазҳабон иборат аст. Ду рӯз пеш дар ин ҷо бар асари таркиши мошини бамгузоришуда 40 нафар кушта шуд. Дар як инфиҷори худкушонаи дигар дар Рамодии Ироқ 10 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тан захмӣ шудаанд.