Ҳамчунин, мавзуи густариши ҳамкориҳои минтақаии СПАД ва СҲШ ва ошноӣ бо сатҳи омодагии нируҳои Тоҷикистон дар размоиши нируҳои кишварҳои узви СПАД аз мавзуҳои мавриди гуфтугуи мақомоти Тоҷикистон бо дабири кулли ин созмон будааст.
Николай Бордюжа инчунин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ пушти дарҳои баста мулоқот кардааст. Хабарнигорон ба конфронси хабарии Н. Бордюжа аз қабл даъват шуданд, вале дар охирин лаҳза оқои Бордюжа аз ин мулоқот бо хабарнигорон сарфи назар кард. Ва дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ низ дар ин бора маълумоте ироа накардааст.
Аммо коршиносон ва огоҳони умур мегуянд, ки дар остонаи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ авзои амниятии минтақа ва Афғонистон ва эҳтимоли ширкати СПАД дар қазияи Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқотҳои оқои Бордюжа бо мақомоти Тоҷикистон будааст. Ахиран, дар матбуоти Тоҷикистон низ ахборе нашр шуда, ки Русия мехоҳад дар Афғонистон ҳузури мустақим пайдо кунад. Аммо ин навбат ба наҳваи дигар. Вазири умури хориҷаи Фаронса низ зимни сафари ахираш ба Душанбе таъкид кард, ки Русия метавонад дар масъалаи Афғонистон кумаки бештаре ба НАТО расонида бошад.
Ба назари коршиносон, яке аз фарзияҳо талоши Русия барои таъсиси як воҳиди муштарак иборат аз нируҳои кишварҳои узви СПАД барои фиристодан ба Афғонистон хоҳад буд, ки Маскав талош дорад дар ин замина мувофиқати кишварҳои узвро ба даст биорад. Аммо ин ширкат барои кишварҳо ва хоса Тоҷикистон чӣ суд ва чӣ зиён хоҳад дошт.
Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар поёни соли гузашта як ёддошти тафоҳум дар заминаи тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии сиёсию мазҳабӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта ба имзо расонида буданд. Ва яке дигар аз аҳдофи нишаст наҳваи иҷро кардани ин санадҳо унвон шудааст.