Покистон, Парвиз Мушарраф, гуфт, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бояд ҳамроҳ бо Паймони НАТО ба Афғонистон сулҳу субот оварад. Дар ин сурат афзуд ӯ, дар байни ду созмон ихтилоф ба миён нахоҳад омад. Мушарраф ин нукотро пас аз дидор бо президенти Чин, Ҳу Ҷинтао ва сарвазири ин кишвар Вен Ҷябао дар Пекин эълом дошт. Чину Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буда, Покистон, Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Ҳинд дар он мақоми нозирро доранд. Эрон ахиран гуфтааст, мехоҳад узви ин ниҳод бошад.