Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ҳуқуқшиноси эронӣ, Ширини Ибодӣ, мегӯяд, номаи таҳдидомезе гирифтааст, ки дар он аз ӯ "нигаҳ доштани забон" талаб шудааст. Хонуми Ибодӣ дар изҳороте гуфтааст, номае бо навиштаҷоти "марги ту наздик аст", рӯзи 3-юми апрел ба дари коргоҳи ӯ овехта шудааст. Вай афзуд, ҳамчунин таҳдидҳо ба унвони ӯ ва аъзои хонаводааш бештар шудаанд. Ибодӣ, ки дар бисёр муҳокимаҳои ҳассос вакили дифоъи фаъолони ҳуқуқи инсон будааст, дар соли 2006 низ таҳдидҳои марг гирифта буд.