Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Нуробод – Тақдиршоҳи Раҷабзода ва Асомиддин Охуновро бо иттиҳоми куштори чаҳор нафар ба ҳабси абад маҳкум кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, боз як узви ин дастаи ҷиноӣ барои панҷ сол равонаи зиндони низомаш шадид шудааст. Муттаҳамон моҳи ноябри соли гузашта вориди манзили сокини Нуробод Зикриё Муҳаммадов шуда, ӯ, хонумаш Сунбулбӣ, модараш Зайдон ва писараш Муҳаммадро аз автомати Калашников тирборон кардаанд. Узви гурӯҳ Асомидин Охунов қаблан аз сӯи додгоҳи ноҳияи Нуробод барои як сол маҳкум ба маҳбас шуда буд.