Ширин Ибодӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар бораи афзоиши таҳдид ба ӯ ва аҳли хонаводааш хабар дод. Ахиран афроди ношинос ба дари дафтари кори хонум Ибодӣ варақеро часпонданд, ки дар он навишта шудааст: “Ба марг омода шав”.
Ширин Ибодӣ изҳор кард, ки ин гуна таҳдидҳо ба ӯ ва аҳли хонаводааш, ба вижа, рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.