Имрӯз анҷумани бузургтарин ҳизби сиёсии Русия ифтитоҳ меёбад. Дар ду рӯзи оянда, ҳизби Русияи Воҳид эҳтимол меравад, аз Владимир Путин даъват хоҳад кард, ки пас супурдани вазифаи президенти Русия дар ҳафтуми май, раёсати ҳизбро бар дӯш бигирад. Путин аллакай гуфтааст, ки дар ҳукумати президенти нав, Дмитрий Медведев нақши сарвазирро хоҳад бозид. Путин қарор аст, рӯзи сешанбе дар анҷуман суханронӣ кунад.