Мӯҳсин Умарзода: Яке аз мақолаҳое, ки вақтҳои ахир навиштам бо унвони «Калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар Қуръон» аст, ки он дар рӯзномаи «Овози тоҷик», чопи Узбакистон, дар се шумора чоп шуд. Ин як мақолаи калони тадқиқотӣ аст.
Суол: Устод, дар Қуръони карим кадом калимаҳои форсӣ бештар истифода шуда?
Мӯҳсин Умарзода: Чунин калимаҳо ниҳоят бисёранд. Ман барои муайян кардани ин калимаҳо аввал аз мероси бузургони шеъру адаби форсу тоҷик истифода бурдам. Масалан Асадии Тӯсӣ таҳти унвони «Мунозира бо Араб кунад ба фазли Аҷам» як шеър дорад. Шоир пас аз як ба як ёдовар шудан аз қобилияту истеъдоди аҷамиён, яъне эрониён ва мисол овардан аз вожагони форсӣ, ки онро арабҳо истеъмол мекунанд, гуфтаас «дар Қуръон ҳам порсист, ин ки ту дар лафз сиҷҷил ҳамехонияшу сангу гил аст он». Ман дар ҳамин мавзӯъ хеле тадқиқ кардам. Дар забони арабӣ калимаҳои муарраб, яъне калимаҳое, ки дар талаффузи арабӣ қиёфаи худро дигар мекунанд, ниҳоят зиёданд. Инҳо калимаҳои соф форсианд, ки дар забони арабӣ ва аз ҷумла дар Қуръон истеъмол мешаванд. Масалан, калимаи канз, вард яъне гул. Дар ояти 37 сураи ар-Раҳмон ва дар дигар оятҳои Қуръон ин калима истеъмол шудааст. Ҳарфи «р» ва «д» чун дар калимаи «вард» аксаран ба ҳарфи «л» табдил мешавад. Масалан «сайр»-ро «сайл» мегӯянд, «марҳам»-ро «малҳам» мегӯянд ва монанди инҳо. Ва аз ин рӯ аз лафзи «вард» калимаҳои «вал» ва «вул» ҳосил шуд. Дар қадим ба таври «г» талаффуз шудани ҳарфи «в» маъмул буд. Ҳамчун дар вожаҳои «шоҳ Виштосп» — «шоҳ Гуштосп», «вурк» - «гург» ва ғайра. Ҳамин тавр «вул» рафта-рафта ба «гул» табдил шуд. Чунин калимаҳо ба асоси тадқиқотҳо хеле зиёданд, мисли калимаҳои «ситабр»-у «канз» ва даҳҳову садҳо калимаҳои соф форсӣ-тоҷикӣ дар Қуръон истеъмол шудааст дар суратҳои дигар. Як мисол меорам, калимаи «фирдавс»-ро шоири бузурги мо Фирдавсӣ ба худ тахаллус кардааст ва ин калима маънии биҳишт дорад, «боғи биҳишт» гуфтан аст. Калимаи «фирдавс» дар Эрони бостон шакли «паиридаеза» дошт, ки аз ду қисм иборат буд — пешоянди «паири» ва вожаи «даеза» ба маънии диз ё диж. Яъне ҳарду калима ба ҳам пайваста, мафҳуми қалъа ё ҳисорро ташкил медод. Баъд юнониён ин номро гирифта, ба талаффузи худ «парадиесос» гуфтанд. Чунон ки медонем, арабҳо ҳамеша ҳарфи «п»-ро ба таври «ф» талаффуз мекунанд. Ва аз ин рӯ «паиридаеза» рафта рафта маънии «боғҳои биҳишт» гирифт ва дар забони арабӣ «фирдавс» шуд ва мо ҳам имрӯз «фирдавс» мегӯем.
Суол: Устод, дар маҷмӯъ дар Қуръони карим чанд калимаи форсӣ истифода шудааст?
Мӯҳсин Умарзода: Чанд калима буданашро дақиқ гуфтан мушкил аст. Вале яке аз олимон ҷустуҷӯ карда гуфтааст, ки қариб то ба 700 калима дар Қуръону забони арабӣ истифода шудааст. Арабҳо онҳоро аз забони форсӣ гирифта, истеъмол мекунанд ва онҳо калимаи дигар мешаванд, ки онро муарраб мегӯянд. Аз ин маълум мешавад, ки забони форсӣ яке аз забонҳои бисёр бонуфузи ҳамон замонҳои қабл аз ислом ва баъд аз ислом буд ва сабаби дар Қуръон ва умуман дар забони арабӣ бисёр истифода шудани калимаҳои форсӣ низ ҳамон нуфузи забони форсӣ аст.
Суол: Чунин нуфуз минбаъд низ боқӣ монд?
Мӯҳсин Умарзода: Минбаъд ҳам ҳамин тавр монд. Ҳатто дар манбаъҳои қадима дар бораи забони форсӣ донистани Муҳаммади пайғомбар (с) бисёр маълумот ҳаст. Ман дар ин мақолаам овардам ва аз манбаъҳо иқтибосҳо гирифтам, ки Муҳаммад пайғомбар – расули ислом забони форсӣ медонист. Дар бораи забони форсӣ-тоҷикӣ донистани Муҳаммади пайғомбар(с) дар сарчашмаҳои торихӣ на як бору ду бор навиштаанд. Дар ин бора дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ низ чунин фикр баён шудааст. Масалан Ибни Балхӣ навиштааст, ки «Пайғамбар бисёр лафзи форсӣ донистӣ ва чанд лафз гуфтааст, ки маъруф аст ва дар ситоиши форсиён хабари машҳур аст аз пайғамбар алайҳиссалом. Лавкан ал алами муаллақан бис-Сурайё лано лаҳу риҷоли мин Форс». Муҳаммади пайғомбар (с) гуфта буд, ки овозаи ба қавми форс тааллуқ доштани илму дониш дар гӯшаву канорҳо шунида мешавад. Бесабаб набуд, ки пайғомбар аз Салмони форс, ки номи аслиаш Рӯзбеҳ буд, пайваста ба некӣ ёд мекард ва мегуфт, «Салмон дарёе аст, ки интиҳо надорад, Салмон як узви хонаводаи ман аст».