Ба гуфтаи мутахассисони забони арабӣ, ин нома ба қалами пайғомбари ислом Муҳаммад (c) тааллуқ дорад. Гуфта мешавад, нома дар осорхонаи шахсии мавсум ба «Кӯҳистони Аҷам», мутааллиқ ба як сокини ноҳия Мирзошо Акобиров, ҳамроҳ бо дигар дастхатҳои таърихӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ба қавли хатшиносон, мундариҷа ва муҳри ин нома аз он далолат медиҳад, ки он аз сӯи пайғомбар унвонии яке аз ҳукмронони араб навишта шудааст.
Мундариҷаи номаи кашфшуда иборат аз тавсияҳои муаллиф дар мавриди танзими масоили андоз мебошад, ки дар он пайғомбар аз ҷумла ишора кардааст, ки андозҳо набояд ба бори сангин барои мардуми оддӣ табдил ёбанд.
Мутахассисон эҳтимол мезананд, ки шояд қабулкунандаи номаи пайғомбар баъдан бо сабабҳои номаълум ба водии Рашт паноҳ бурдааст ва ҳамин тарз дастхат дар ин ноҳия боқӣ мондааст.