Дабири кулли Паймони амнияти дастҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ, Николай Бордюжа рӯзи якшанбе ба Тоҷикистон сафар мекунад. Интизор меравад, ки дар ин сафар вай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев мулоқот кунад. Тоҷикистон дар як саф бо Арманистон, Беларус, Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сар аз соли 2003 узви Паймони амнияти дастҷамъӣ мебошад.