Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки имрӯз ҳудудан 50 фаъоли ҷавони гурӯҳҳои мухталифи оппозитсиюн аз ҷониби полис боздошт шуданд. Ин гурӯҳ барои ширкат дар намоиши эътирозӣ алайҳи дар ихтиёри Қазоқистон вогузор шудани се қитъаи замини марбут ба қаламрави Қирғизистон дастгир шуданд. Полис раҳпаймоии ғайрирасмии мухолифинро дар беруни сохтмони парлумон пароканда кард. Ин раҳпаймоиро ҳизбҳои "Отамакон", "Ору номус" ва ҳизби Сабзҳо ташкил карданд.