Яке аз талабҳои асосии гирдиҳамоии дар Хоруғ доирнашуда ин буд, ки дар родию ва телевизиони вилояти Бадахшон ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми 2 соат ба забонҳои маҳаллӣ барномаҳо пахш кунанд.
Давлати Имомбек, сармуҳаррири телевизиони вилоятии ВМКБ, гуфт, ки дар вилоят пахши барномаҳо дар телевизион ва радиои вилоятӣ барномаҳо ба забонҳои маҳаллӣ дар чанд соли ахир каме маҳдуд гардид, вале акнун мо кӯшиш мекунем, ки ба забонҳои помирӣ ҳам барномаҳо таҳия намоем.
Ба гуфтаи ӯ, сокинони деҳоти дурдасти ин минтақаи Тоҷикистон ҳангоми мусоҳиба наметавонанд, ки фикри худро ба хабарнигорони родию ва телевизиони вилоят ба забони тоҷикӣ баён созанд, ва аз ҳамин сабаб ҳам момаҷбур мешавем аз истифодаи овозашон дар барномаҳо худдорӣ варзем. Давлати Имомбек, аз ҷумла, гуфт: «Дар баъзе аз деҳоти дурдаст кормандони мо афродеро вомехӯранд, ки ба қадри кофӣ забони тоҷикиро намедонанд... Ва, бояд бигӯям. ки феълан мо барои пахши баъзе аз барномаҳоямон ба забонҳои помирӣ омодагиҳои зарурӣ дорем».
Дар ҳамин ҳол, Шодибек Юсуфхонов, раиси пажӯҳишгоҳи улуми инсоншиносии ВМКБ, мегӯяд, ки ҳанӯз чанд сол пеш бо ин забонҳо дар шаҳри Хоруғ рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешуданд, вале бо муфлисшавии онҳо масъалаи ҳифз ва рушди забонҳои помирӣ як каме аз мадди назарҳо дур монд. Ин олим ҳамчунин тазаккур дод. Ки то солҳои 30-вуми асри гузашта дар макотиби таҳсилоти ибтидоӣ хонандагон бо забонҳои помирӣ таҳсил мекарданд ва танҳо пас аз ин омӯзишро дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ба забони тоҷикӣ идома медоданд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Тибқи қонунҳо Тоҷикистон ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон кафолат дода шудааст, ки ҳукумати вилоят масъалаи амали забонҳои маҳаллиро мустақилона ҳал намояд. Вале худи мо, соҳибони забон, ба ин рукни маънавиёти худ бепарво ҳастем».
Ш. Юсуфхонов ҳамчунин изҳор намуд, ки дар солҳои 90-уми асри пешин ҳафтаномаи «Фарҳанги бадахшон» асарҳои шоирону нависандагони Бадахшонро бо забонҳои помирӣ нашр менамуд. Ва акнун пажӯҳишгоҳи улуми инсонии вилоят қасд дорад, ки интишори дигарбораи ин нашрияро ба роҳ монад.