Ҳамкории васеътари Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ имрӯз меҳвари гуфтушунидҳоеро ташкил медиҳад, ки дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, оғоз ёфтаанд. Ба ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо масъули равобити берунаи он Бенита Ферреро Валднер сарварӣ мекунад. Аз тарафи Осиёи Марказӣ вазирони умури хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар нишаст ширкат меварзанд.