Вазири дифоъи Чин аз таҳкими ҳамкориҳои ҳарбии кишвараш бо Русия истиқбол кард. Лянг Гуанглӣ дар дидор бо раиси кумитаи дифоъи порлумони русия, Виктор Заварзин гуфтааст, ин пешрафт баёнгари сатҳи эътимоди сиёсӣ ва ҳамоҳангии стратегии миёни ду кишвар аст. Дар ин мулоқот хатти мустақими телефонии байни идораҳои ҳарбии ду ҷониб боз гардид.