Фирори садҳо нафар аз ҷангҳои шаҳраки Садр

Садҳо нафар бар асари даргириҳо аз шаҳраки Садри Бағдод фирорӣ шудаанд. Ҷангҳо дар ин ҷо, ки пойгоҳи артиши Маҳдии рӯҳонӣ Муқтадо Садр мебошад, шабонарӯзи гузашта низ идома доштанд. Задухӯрд миёни тарафдорони Садр ва нерӯҳои ироқию амрикоӣ ҳафтаи гузашта сар зада, нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ талаб кардааст, тарафдорони Садр халъи силоҳ шаванд. Полис мегӯяд, дар ҷангҳои рӯзи душанбе 14 ғайринизомӣ ба ҳалокат расидааст.