Ҳукумати Озарбойҷон имрӯз гуфт, ки рӯзи 15 октябр интихоботи раёсати ҷумҳур доир мекунад. Мазоҳир Паноҳов - раиси Кумиссиёни Марказии Интихобот гуфт, қарори мазкур бар асоси талаботи Қонуни Асосии Озарбойҷон қабул шудааст.
Интизор меравад, ки Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури ҳозираи Озарбойҷон барои даври дигари раҳбарӣ дар интихобот ширкат кунад. Илҳом Алиев – барои бархӯрди сахтгиронааш бо матбуоти мустақил ва аҳзоби сиёсӣ бисёр танқид мешавад. Озарбойҷон бо захираҳои фаровони газу нафт дар минтақаи муҳими стротежии миёни Эрону Русия ҷой гирифтааст.