Рӯзи якшанбе дар кишвари Черногория ё худ Монтенегро, ки ду сол пеш аз иттиҳод бо Сербия даст кашидааст, аввалин интихоботи президентӣ барпо шуд. Тахмин мешавад, ки президенти кунунии ин кишвар Филип Вуянович-номзад аз ҳизби демократии сотсиалистон дар интихобот пирӯз хоҳад шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки раъйҳои боқимонда миёна номзад аз ҷумбиши либералӣ баҳри ислоҳот: Небойша Медоевич, довталаби рӯ ба Сербия Андрия Мандич ва номзад Срдян Милич тақсим шаванд. Аз замоне, ки Черногория иттиҳод бо Сербияро канор гузошт, рушди иқтисодии ин кишвар то 8% афзоиш ёфта, сармоягузориҳои хориҷӣ ба 1миллиард доллари Амрико баробар шудаанд.