Канада иттилоъ додааст, ки дар Афғонистон боз як сарбози ин кишвар ҳалок шуд. Генерали бригада Гай Ларош мегӯяд, сарбози 24-сола рӯзи 4-уми апрел дар минтақаи Панҷвайи вилояти ҷанубии Қандаҳор бар асари таркиши бомби канори роҳ ба қатл расид. Вай афзуд, ки дар ин минтақа Толибон фаъол мебошанд. Аз соли 2001-ум, яъне замони оғози амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон дар ин кишвар 82 низомии Канада ба қатл расидаанд.