Буш дар майдони марказии Загреб суханронӣ кард

Имрӯз президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар майдони марказии шаҳри Загреб: пойтахти Хорватия бо паёме ба издиҳоми мардумӣ муроҷиат кард.
Ӯ ваъда, ки Амрико ва паймони Нато Хорватияро пурра дастгирӣ мекунанд.
Президент Буш баъди ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви паймони Нато дар Бухарест ба Загреб рафт. Дар нишасти Бухарест Хорватия ва Албания барои узвият дар Нато даъватнома гирифтанд. Рӯзи ҷумъа раисҷумҳури ИМА ба саҳми Хорватия дар амалиёти низомии эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон баҳои баланд дод.