Мулоқоти Буш бо Бердимуҳаммадов

Имрӯз раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш бо ҳамтои туркмани худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидору гуфтугу кард. Зимни мулоқот дар ҳошияи нишасти сарони НАТО дар шаҳри Бухарест, Ҷорҷ Буш гуфтааст, ки кишвараш мехоҳад, бо Туркманистон бештар муколама кунад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, кишвараш ҷонибдори бо роҳҳои мухталиф содир кардани захираҳои нафту газаш ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад, амре, ки ҳукумати Амрико низ ҷонибдори он аст.