Полиси Зимбабве дар пойтахти ин кишвар шаҳри Ҳараре ду журналисти хориҷиро бо гумони гузоришгарӣ аз интихобот бидуни сабтином ба ҳабс гирифт. Сарварони рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" мегӯянд, яке аз ин ду хабарнигор ҳамкори онҳост. Мақомоти Зимбабве ба аксари журналистони хориҷӣ гузоришгарӣ аз интихоботро манъ кардаанд. Ва дар ҳоле ки мухолифони ҳукумати президент Роберт мугабе аз пирӯзии худ дар сабқати президентӣ ва порлумонӣ хабар медиҳанд, вазъият дар Ҳараре рӯ ба ташаннуҷ мениҳад.