Президенти Русия, Владимир Путин, имрӯз дар Бухорест, пойтахти Руминия, бо сарони кишварҳои узви НАТО мулоқот мекунад. Ширкати Путин дар ҷаласаи Шӯрои миёни НАТО ва Русия дар ҳоле ба амал меояд, ки Паймони Атлантики Шимолӣ ба Укроин ва Гурҷистон узвияти билотаъхир надод, аммо ин эҳтимолияти ин узвият дар ояндаро ваъда кард. Дар посух ба иқдоми НАТО Маскав номаеро нашр кард, ки дар он Путин ба минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхазия ва Осетияи Ҷанубии Гурҷистон ваъдаи пуштибонӣ додааст.