Даъвати Муқтадо Садр барои тазоҳурот

Рӯҳонии тундрави шиъамазҳаби Ироқ Муқтадо-ал-Садр даъват кардааст, то миллион нафар дар тазоҳуроти зиддиамрикоии ҳафтаи оянда ширкат варзанд. Муқтадо Садр зимни баёнияе гуфт, тазоҳургарон бояд рӯзи 9-уми апрел аз шаҳри зиёратгоҳи Наҷаф то ба ҷануби шаҳри Бағдод раҳпаймоӣ кунанд. Ин тазоҳурот ба хотири панҷумин солгарди вуруди нерӯҳои Амрико ба шаҳри Бағдод аст, ки рӯзи 9-уми апрели соли 2003 сурат гирифта буд. Айни ҳол Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал Моликӣ мегӯяд, ҳукумати кишвар қасд дорад, мисли амалиёти ахир дар шаҳри Басра, барои саркӯбии “унсурҳои ҷинояткор” дар саросари Ироқ амалиёти бештар анҷом диҳад.