Сухангӯи Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯяд, интизори инро надорад, ки ба Гурҷистон ва Укроин дар иҷлоси сарони НАТО дар Бухорест роҳи узвият дар паймон боз гардад. Вай гуфт: "Шод мебудам, агар ин иштибоҳ барояд, аммо дар ҳолӣ ҳозир ман интизори инро надорам, ки Тарҳи омодагӣ ба узвият барои Гурҷистон ва Укроин дар нишасти Бухорест ба тасвиб расад." Изҳороти Ҷеймс Аппатурай баъд аз ифтитоҳи нишасти сарон садо дод ва он ҳам дар ҳоле ки президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш аз НАТО даъват кард, барои оғози кор Укроин ва Гурҷистон шомили барномаи омодагӣ ба узвият дар паймон шаванд. Аммо Фаронса ва Олмон ба ин иқдом мухолиф буда, гуфтаанд, ду кишвар ба меъёрҳои НАТО ҷавобгӯ нестанд.